ABNA24 : Ба гузориши "Спутник", дар буҷети Амрико, ки ба Конгресси ин кишвар ироа шудааст, ихтисоси тақрибан 665. 8 миллион доллар ба таври хос барои тақвияти муқовимати Аврупо ва АвруОсиё дар баробари нуфузи хориҷии Русия ва Чин пешниҳод шудааст.
Илова бар ин Амрико як буҷети 800 миллиондолларӣ барои шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ ва ҳадаф қарор додани мухотабон дар Эрон, Чин ва Русия ва ҳамчунин кишварҳои африқоӣ ва Ғарби Осиё дар назар гирифтааст.
Аз назари дифоӣ, буҷети пешниҳодии Байден бар навсозии зарродхонаҳои ҳастаӣ ва ҳамчунин тавсеаи тавоноиҳои ҷангии навин мутамаркиз мешавад ва монанди гузашта саъй мекунад бартарии низомии Амрикоро ҳифз кунад.
Дархости буҷети давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар Конгресс баррасӣ мешавад ва ин ниҳод дар ниҳоят тасмим мегирад ин манобеъ чӣ тавр харҷ шаванд.
342/